Noble Quran » Тоҷики » Sorah Abasa ( He frowned )
Random Books
- Занҳои тавба кунандаХоҳари мусулмон! Оё чунин нест, ки ҳар яки мо гуноҳу хатоҳои зиёд дорем? Оре! Локин оё ҳамаи ин моро аз раҳмати беканори илоҳи ноумед месозад? Оё гуноҳон моро аз мағфирати васеъи Парвардигори ғафур маъюс мегардонад? Хоҳари мусалмон, ба ин ҳадиси қудси бингар, ки Худованди мутаъол моро даъват намуда чунин мефармояд:
Formation : Маҷди Фатҳи Ас-Сайд
Translators : Муҳаммад Шарифи Одина
Source : http://www.islamhouse.com/p/383802
- Ҳиҷоб чаро?Худоро сипос мегўем, ки дар ин замони пурфитна ва фасод, замоне, ки побандӣ ба дин, монанди чанг задан ба шарораҳои оташ аст, теъдоде аз хоҳарони мусалмон мўътақид ба усул ва мабодианд ва алоқа доранд то ҳиҷоби шаръиро, ки қалъаи мўҳкам дар баробари фасоди ҷомеаи исломӣ аст, ҳифз намоянд. Бале, дастаҳои палиди истеъморгарони Ғарб ва пайравони онҳо даст ба кор шудааст, то бо равишҳои мухталиф, ҷомеаи исломиро ба фасод ва фаҳшо бикашанд. Яке аз ин равишҳо, бардоштани ҳиҷоб аст, ки душманон дар ин қарни ахир барои бардоштани ҳиҷоб аз ҳеч кушише дареғ нанамудааст.
Formation : Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Исмоил Ал-Муқаддам
Reveiwers : Муҳсин Рамазони
Translators : Абдулқодир таршоби
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/385912
- Нигоҳи нав ба таърихи садри ИсломИн китоб як фатрае аз муҳимтарин фатраҳои торихи исломиро дар бар мегирад, ва он ҳам : Баъд аз вафоти Паёмбари Ислом то соли 61-и ҳиҷри (то кушта шудани ҳазрати Ҳусейн –Худо аз он рози бод-) мебошад. Дар фасли нахустини ин китоб дар бораи он ки таърихро чи гуна бояд омўхт ва равиши Имом Муҳаммад Ҷарири Табари роҷеъ ба таърихи Ислом баён шудааст. Фасли дуввуми ин рисолаи пурарзиш дар бораи биъсати Расули акрам (с) ва ҳодисаҳои пас аз вафоти Расули акрам (с) то соли 61-и ҳиҷрии қамари рўйдода, маълумот медиҳад ва достону ривоятҳои дурўғин ва сохтаро гўшзаду таъкид месозад ва ҳақиқати ҳолро арзёби мекунад. Фасли саввуми ин китоб ба мавзўъи адолати саҳобагон (р) ба истинод аз Қуръон ва Суннат бо баёни муҳимтарин шубҳаҳое, ки дар мавриди онҳо эрод шуда ва баёни ҳақиқат дар ин маврид бахшида шудааст. Дар фасли чаҳорум ва хотимавии рисола муаллиф ва пажўҳишгари варзида қазияи хилофати исломиро мавриди барраси қарор дода, бо овардани далелу бурҳонҳои қотеъ шарҳу тавзеҳоти ғаразнок ва ғайривоқеъии як қатор муҳаққиқонро рад мекунад.
Formation : Усмон ибни Муҳаммад Ал-Хамис
Source : http://www.islamhouse.com/p/212768
- Издивоҷи мутъа аз дидгоҳи Аҳли СуннатПаёмбар (Дуову дуруд бар Ӯ бод) мефармояд: «Гурӯҳе аз умматони ман дар охируз-замон зиноро ба ғайри номаш мехонанд» (Ҳадиси шариф) Издивоҷи мутъаро инчунин издивоҷи муваққат, мунқатеъ ва сиға меноманд. Аз он сабаб мутъа номида шудааст, ки мард аз он зан дар муддате, ки қарор бастаанд, нафъу лаззат ва таматтӯъ мебардорад.
Source : http://www.islamhouse.com/p/354827
- Саду як қисса аз ҳаёти Усмон ибни Аффон (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон Амирулмўъминин Усмон ибни Аффон (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва саввумин хулафои рошидин ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда, домоди Паёмбар (с) Усмон ибни Аффони Қурайшӣ… Зи-н-нурайн ва ҳамсари ду бадри мунир.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/321610