Тоҷики - Sorah Al-Humazah ( The Slanderer ) - Noble Quran

Noble Quran » Тоҷики » Sorah Al-Humazah ( The Slanderer )

Choose the reader


Тоҷики

Sorah Al-Humazah ( The Slanderer ) - Verses Number 9
وَيْلٌ لِّكُلِّ هُمَزَةٍ لُّمَزَةٍ ( 1 ) Al-Humazah ( The Slanderer ) - Ayaa 1
Вой бар ҳар ғайбаткунандаи айбҷӯе,
الَّذِي جَمَعَ مَالًا وَعَدَّدَهُ ( 2 ) Al-Humazah ( The Slanderer ) - Ayaa 2
он ки моле ҷамъ кард ва ҳисоби он нигаҳ дошт.
يَحْسَبُ أَنَّ مَالَهُ أَخْلَدَهُ ( 3 ) Al-Humazah ( The Slanderer ) - Ayaa 3
Мепиндорад, ки дороияш ҷовидонаш гардонад.
كَلَّا ۖ لَيُنبَذَنَّ فِي الْحُطَمَةِ ( 4 ) Al-Humazah ( The Slanderer ) - Ayaa 4
На чунин аст! ки Ӯро дар ҳутамаҳ андозанд.
وَمَا أَدْرَاكَ مَا الْحُطَمَةُ ( 5 ) Al-Humazah ( The Slanderer ) - Ayaa 5
Ва ту чӣ донӣ, ки ҳутамаҳ чист?
نَارُ اللَّهِ الْمُوقَدَةُ ( 6 ) Al-Humazah ( The Slanderer ) - Ayaa 6
Оташи афрӯхтаи Худост,
الَّتِي تَطَّلِعُ عَلَى الْأَفْئِدَةِ ( 7 ) Al-Humazah ( The Slanderer ) - Ayaa 7
ки бар дилҳо ғалаба меёбад.
إِنَّهَا عَلَيْهِم مُّؤْصَدَةٌ ( 8 ) Al-Humazah ( The Slanderer ) - Ayaa 8
Он оташ аз ҳар сӯ дар миёнашон гирифтааст,
فِي عَمَدٍ مُّمَدَّدَةٍ ( 9 ) Al-Humazah ( The Slanderer ) - Ayaa 9
дар сутунҳои дарози оташӣ дароварда шудааст.

Random Books

  • Асосҳои сегонаЭй бародари азиз Аллоҳ таъоло туро мавриди лутфу ризвонаш қарор диҳад. Яқин бидон бар ҳар як мусалмон ва мусалмон зан лозим аст, ки се масъаларо ба яқин бидонад ва ба муқтазои онҳо амал кунад. Ва ин китобча ин се амалро барои шумо баён мекунад.

    Formation : محمد بن عبد الوهاب

    From issues : Сомонаи Донишгоҳи Исломии Мадинаи Мунаввара

    Source : http://www.islamhouse.com/p/465

    Download :Асосҳои сегонаАсосҳои сегона

  • Яктопарасти воқеъи беҳисоб дохили биҳишт хоҳад гаштЯктопарасти воқеъи ва ҳақиқи касе аст ки дар ҳама ҳолат таваккал ба худо карда ҳеҷгоҳ ба худованд ширк намеварзад.

    Formation : Мусъаби Ҳамза

    Source : http://www.islamhouse.com/p/371460

    Download :Яктопарасти воқеъи беҳисоб дохили биҳишт хоҳад гаштЯктопарасти воқеъи беҳисоб дохили биҳишт хоҳад гашт

  • Издивоҷи мутъа аз дидгоҳи Аҳли СуннатПаёмбар (Дуову дуруд бар Ӯ бод) мефармояд: «Гурӯҳе аз умматони ман дар охируз-замон зиноро ба ғайри номаш мехонанд» (Ҳадиси шариф) Издивоҷи мутъаро инчунин издивоҷи муваққат, мунқатеъ ва сиға меноманд. Аз он сабаб мутъа номида шудааст, ки мард аз он зан дар муддате, ки қарор бастаанд, нафъу лаззат ва таматтӯъ мебардорад.

    Source : http://www.islamhouse.com/p/354827

    Download :Издивоҷи мутъа аз дидгоҳи Аҳли СуннатИздивоҷи мутъа аз дидгоҳи Аҳли Суннат

  • Маърифати Расулуллоҳ (саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва Саҳобагони киромАллоҳ таъоло дини мубини Исломро ба воситаи ҳазрати Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) баён кардааст,бинобар ин шинохтани он ҳазрат бар тамоми инсонҳо воҷиб аст. Ва саҳобагони киром дини исломро аз забони мубораки Расулуллоҳ пурра омухта онро ба уммати Расулуллоҳ расонидаанд. Ва ин дини муқаддаси ислом ба воситаи саҳобагони киром ба машриқу мағриб паҳн шудааст. Бинобар ин шинохтани саҳобагони киром низ воҷиб аст. Дар ин рисола барои шумо сирати беҳтарин халқи Худо ҳазрати Паёмбарамон Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро ва сирати беҳтарин шахсони уммати исломро баён кардам.

    From issues : Сомонаи дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, шаҳри Ҷидда www.jdci.org

    Source : http://www.islamhouse.com/p/311472

    Download :Маърифати Расулуллоҳ (саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва Саҳобагони киром

  • ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: УСМОН (Р) ВА АЛӢ (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)Ин китоб, ки бо унвони «Сеҳрайн» маъруф аст, ҷилди дуюми китоби «Шайхайн» (Таърихи хулафои рошидин: Абубакр (р) ва Умар (р)) буда, роҷеъ ба зиндагӣ, футуҳот ва шаҳодати ду халифаи рошид, домодҳои паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с): Усмон (р) ва Алӣ (р) маълумот медиҳад ва барои доираи васеъи хонандагон пешкаш карда мешавад.

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/339648

    Download :ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: УСМОН (Р) ВА АЛӢ (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: УСМОН (Р) ВА АЛӢ (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)