Noble Quran » Тоҷики » Books » Ҳасад аз бемориҳои қалби
Ҳасад аз бемориҳои қалби
Ҳасад: яъне кинатузи нисбати касе ва хостори аз байн рафтани неъматҳоеки шомили он шуда аст. Баъзеҳо гуфтаанд: Ҳасад ба ҳамон ранҷе мегӯянд, ки шахс ҳангоми бо хабар шудан аз ҳоли касеки вазъаш хуб шуда аст, мебарад. Ҳамчунин гуфтаанд: Ҳасад яъне: Орзӯи дур шудани неъмат аз дигарон. Ба ҳар ҳол ҳасад ҳамон буғзу кина ва кароҳат ва ранҷе аст, ки бо дидани хубии ҳоли маҳсуд ба ҳосид даст медиҳад.Formation : Аҳмад ибни Абдулҳалим
Reveiwers : А. Ҳақназар
Translators : Алӣ Сорими
Source : http://www.islamhouse.com/p/380298
Random Books
- Саду як қисса аз ҳаёти Алӣ ибни Абўтолиб (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи чаҳоруми мусулмонон Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) чаҳорумин халифаи рошид ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда мебошад. Насаб ба Ҳошимиён дорад ва аз қабилаи Қурайш, писарамаки Паёмбар (с) аст. Ва Паёмбар (с) беҳтарин духтараш Фотимаро (р) ба никоҳи ў даровард. Падари Ҳасан ва Ҳусейн (р) мебошад.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/324363
- ФАЗИЛАТИ ШАБИ ҚАДР ВА ДАҲҲАИ ОХИРИ МОҲИ ШАРИФ РАМАЗОНШаби Қадр шабе аст, ки дар тамоми сол шабе ба бузургӣ ва фазилати он намерасад, Хусусиятҳои ин шабро, ки сабаби бузургӣ ва мубораки он шудааст, метавонем чунин ном барем: 1. Қуръон дар ин шаб бар Паёмбар (с) нозил шудааст. «Инно анзалноҳу фи лайлатил Қадр». Гуфта шудааст, ки тамоми китобҳои осмонӣ дар ҳамин шаб бар паёмбарон нозил шудаанд. 2. Ҳар амали хуб ва тоъату ибодате, ки дар ин шаб анҷом шавад бо амал ва ибодати ҳазор моҳ баробар аст. «Лайлатул Қадри хайрун мин алфи шаҳр». 3. Малоикаҳо ва Руҳ (Ҷибрил), ки аз малоики мукарраби илоҳӣ аст фуруд меоянд ва бо худ хайру салому раҳмати Илоҳиро ҳамроҳ доранд ва то субҳ ба назораи шабзиндадорон менишинанд. «Таназзалул малоикату ва-р-руҳу фиҳо би изни раббиҳим мин кулли амр». 4. Ин шаб аз аввал то охир салом аст, саломе аз Худо ва фариштагон. «Саломун ҳия ҳатто матлаъил фаҷр». Ҳамаи рўзадорони моҳи Рамазон худро барои шабзиндадории ин шаб омода сохта, дар интизори он лаҳзашуморӣ мекунанд.
Formation : Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон Ал-Ҷибрин
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/232839
- Силсилаи ҳақиқат: Фақат як пайғомДар ин китоб нависанда исбот мекунад ки ҳамаи китобҳои осмони даъват ба якто парасти мекунанд, ва дини ислом охирин динҳои осмонист.
Formation : Ноҷи ибни Иброҳим Ал-Арфаҷ
Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
Translators : Иброҳим Қаҳоруф
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/200227
- ТАЛҲА ВА ЗУБАЙР (ҲАМСОЯГОНИ ПАЁМБАР ДАР БИҲИШТ)Дар ин китоб муаллиф дар бораи ҳаёт ва зиндаги ва чигуна ба ислом гаравидани ҳазрати Талҳа ва Зубайрро барои хонандагон баён мекунад, ва ин чунин баъзе фазилатҳо ва суханони Паёмбари ислом дар бораи ин ду саҳобии пешқадам ба ислом ва башорат додашуда ба ҷаннатро низ пешкаши хонандагон мекунад.
Translators : Муҳсин Рамазони
Source : http://www.islamhouse.com/p/353550
- Моҳи рамазон, истиқбол ва зинда доштани шабҳои онЧигуна аз моҳи рамазон истиқбол бигирем, шабҳои ин моҳи бузургро чигуна шабзиндадори кунем, аснофи мардум дар ин моҳ чигунаанд, ва дигар мавзуҳои алоқаманд ба рамазон, соҳиби китоб барои хонандагон ҷавоби ин пурсишҳоро тақдим намудааст.
Formation : Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон Ал-Ҷибрин
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/357423