Noble Quran » Тоҷики » Books » Ақидаи ҳар мусалмон (савол ва ҷавоб)

  • Ақидаи ҳар мусалмон (савол ва ҷавоб)

    Ақидаи ҳар мусалмон: Китобчаест ки 54 саволу ҷавобро дар мавзуи ақида дар бар мегирад, нависанда ба ин саволҳо аз Қурону Ҳадис ҷавоб медиҳад, зеро ин ки ақидаи тавҳид ин саъодату хушбахтии инсон дар дунё ва охират аст.

    Formation : Муҳаммад Ҷамил Зайну

    Source : http://www.islamhouse.com/p/309809

    Download :Ақидаи ҳар мусалмон (савол ва ҷавоб)

Random Books

  • Муҳаммад (с) Паёмбари башариятҲазрати Муҳаммад (с) Паёмбари мо инсонҳост, дилсӯзу меҳрубон, хайрхоҳу некандеш, дорои рафтор ва гуфторе аст, ки барои ҳар инсон дар ҳар замону макон ва дар ҳар мақому мавқеъияти беҳтарин сар машқ ва болотарин улгу аст. Нигори ман ки ба мактаб нарафту хат нанвишт, Ба ғамза масъала омӯзи сад мударрис шуд.

    Formation : Мустафо ас-Сибоъи

    Reveiwers : А. Ҳақназар

    Translators : Мӯҳсин Шайхӣ

    Source : http://www.islamhouse.com/p/380304

    Download :Муҳаммад (с) Паёмбари башариятМуҳаммад (с) Паёмбари башарият

  • Беҳтарин инсонҳо баъд аз ПаёмбаронХудованд Паёмбарашро дар миёни гуруҳе аз халқи худ, яъне Асҳоб баргузида аст, ки ӯро бар ҷон ва моли худ бартарӣ доданд ва дар ҳар ҳол худро фидои эшон намуданд, чунон чӣ Худованд дар Қуръони Карим васфашон менамояд ва мефармояд:

    Translators : Исҳоқ ибни Абдуллоҳ Аддабири Ал-Авази

    From issues : وزارة الأوقاف والشؤون الإسلامية بالكويت

    Source : http://www.islamhouse.com/p/376476

    Download :Беҳтарин инсонҳо баъд аз ПаёмбаронБеҳтарин инсонҳо баъд аз Паёмбарон

  • Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)Миллатҳо ва мардуми дунё дар ҳар давру замон барои худ шахсиятҳо ва муқаддасоте доранд, ки чун рамзҳо ва нишонаҳои хотиравӣ азизашон медоранд ва барояшон эҳтиром қоиланд. Мо мусалмонҳо низ барои худамон ҳамин гуна муқаддасот ва арзишҳо дорем ва он ҳам бошад эҳтирому пайравӣ аз дастуроти дин ва Қуръону Паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мебошад, ки ўро Худованд бароямон пешво ва роҳбар гардонидааст, зеро ў маъсум аст, яъне гуноҳонаш омурзида шудаанд... . Худоро шукру сипос мегўям, ки маро муваффақ ба гирдоварии ин маҷмўъаи бебаҳо, ки он ҳам бошад «Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)» мебошад, гардонид. Дар ин китоби хоксорона қиссаҳои пурҳикмат ва боарзиши ў (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро бо зикри санадҳои дақиқ гирдоварӣ намудаам, то мақому манзалати он Ҳазрат (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) дар партави оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ, барои шумо хонандаи азиз маълум гардад.

    Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/293044

    Download :Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)

  • Ашке бар тавҳидТамоми Паёмбарон мардумро фақат басуи як чиз даъват мекарданд, ва онҳам он буд, ки мегуфтанд: эй мардум! Фақат Худовандро ибодат кунед барои шумо ба ҷуз як Худо дигар Худое нест. Бародарону хоҳарони азиз! Оё медонед маъноӣ ибодат чист ? Маъноӣ ибодат: Яъне муҳаббату итоъату назру қурбони, ҳама бояд бароӣ Худо бошад. Ва бо дигар маъно: Ягона донистани Худованд бо дил, ва ягона донистани Худованд дар амал. Маъноӣ ягона донистани Худованд бо дил: Яъне дар дустдориву муҳабати Худованд ягон касро ба У баробар накардан, ва дар тарси аз Худо, ягон касро ба У баробар накардан, ва дар зориву илтиҷо ба суӣ Худо, ягон касро ба У баробар накардан, ва ба ғайр аз Худованд ба ягон кас тавакал накардан, ва ғайраҳо. Маъноӣ ягона донистани Худованд дар амал: Яъне дуъо накардан магар ба суӣ Худо, кумак талаб накардан, магар аз Худо, ва қурбониву назр накардан магар ба номи Худо, ва қасам нахурдан магар ба номи Худо, ва ғайраҳо.

    Formation : Умар Хатлони

    Source : http://www.islamhouse.com/p/292785

    Download :Ашке бар тавҳидАшке бар тавҳид

  • Рузаи моҳи рамазон моҳият ва аҳкоми онИн китоб дар бораи рузаи моҳи рамазон ва ҳукмҳои он мебошад, ки муаллифи ин китоб аз баъзе оятҳо ва ҳадисҳои Паёмбари ислом истифода бурда он ҳукмҳое ки ҳар як рузадор эҳтиёҷ ба он дорад баён мекунад, Хдованд мефармояд: "Рўзаи (моҳи Рамазон) бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар гузаш- тагони пеш аз шумо фарз гардида буд, то ба василаи он тақво (ва худсозй) намоед».

    Formation : Абдушшариф Боқизода

    Source : http://www.islamhouse.com/p/233045

    Download :Рузаи моҳи рамазон моҳият ва аҳкоми он

Choose language

Choose Sorah

Choose tafseer

Participate

Bookmark and Share